НАҚШУ ХИРАДИ ЗАН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ БАШАР

Кушониён: Андеша  

Мо, ба нақши зан— модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Таърих гувоҳ аст, ки Зан-Модари тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо низ бо шуҷоати ба худ хос ном баровардааст.

Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои занонеро медонем, ки дар баробари мардон барои марзу буми Ватани аҷдодӣ хизмат кардаанд. Инро мо дар мисоли Гурдофарид, Таҳмина, Рухшона дида метавонем. Дар даврони Истиқлол ба кадом соҳае назар афканем, дар он нақши Зан-Модар дида мешавад. Ҳоло Зан-модар, Зан-роҳбар, Зан-ҳимоятгар, Зан-омӯзгор, Зан-мураббӣ мафҳумҳоеянд, ки дар ҳаёти имрӯзаи мо вохӯрдан мумкин аст. Тарбияи нахустини фарзанд, солимии оила ва рушди ҷомеа ба рисолати Зан-Модар вобастагӣ дорад.

Башарият дар тамоми солҳои арзи вуҷудаш ба нақшу хиради зан дар рушди тамоми ҷомеа ниёз дошта, ин рушдро бе саҳми бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз зани бохирад фарзанди оқилро ба дунё оварда, онро дар руҳияи ватандӯстӣ ба камол мерасонад. Имрӯзҳо зиёд гардидани ҷойҳои корӣ барои бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати зан, баланд бардоштани сатҳи саводнокии занон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Зан-Модар ҳамчун пайвандгари насли инсонӣ, сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгари аҳли башар аз мақому мартабаи хос бархӯрдор буда, дар рушду тараққиёти ҷомеа нақши бориз дорад. Зеро пешрафти давлату ҷомеа, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот натиҷаи аз ҷониби зан тарбияи дуруст ёфтани фарзанд, дар роҳи дурусти зиндагӣ мебошад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.”

Маҳз ҳамин дастгириҳои пайваста барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарон нақш дорад. Дар қатори ин дастгириҳо барои духтарони гирандаи квотаи Президентӣ идрорпулӣ ва дигар дастгириҳои муҳим муҳайё мегардад.

 

Нурализода Малика мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.