ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ВА НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПИРОНСОЛОН”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Кӯмак ба ятимону ниёзмандон, шахсони барҷомонда, ва ҷавонони имкониташон маҳдуд яке аз амалҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар ин росто пайваста аз ҷониби раисони ташкилотҳли ибтидоии ҳизбӣ, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ба табақаи ниёзманди ҷомеа кӯмаку дастгириҳо расонида мешавад.

Дар партави сиёсати эҳсонкорона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну маросимҳо ба маъюбону ниёзмандон кӯмакҳои яквақтаина ва моддӣ расонида мешавад.

Чунин иқдоми хайриявӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидои ҳизбии “Пиронсолон” ба 2 оилаи оилаи ниёзманду камбизоати ҷамоати шаҳраки И Сомонӣ дар арафаи Иди саиди Фитр кӯмакҳои яквақтаинаи хӯрокворӣ расонида шуд.

Дар ин замина қайд кардан ба маврид аст, ки мақсади асоси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум буда, чунин корҳои нек ва хайриявӣ идома дода мешавад.