ТАШАББУСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо пайваста кӯмакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ҳамин мақсад дар арафаи иди саиди фитр ба ин оилаҳо кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуда истодааст.

Ин навбат, бо мақсади дастгирию кӯмак намудан ба ин оилаҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба якчанд занон аз оилаҳои ниёзманд ва маъюбони ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ либоси идона расонида шуд.

Аз ин амали нек, маъюбону ниёзмандон ва пайвандон хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтадории самимона намуданд.