МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва барои истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар муассисаи таълимии №25-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид.

Бо ин мақсади ҳар як фарди Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ба “Шаҳри сабз” табдил додани Тоҷикистони азизамон  ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани иду ҷашнҳои миллӣ дар ободонию хуррамгардонии диёрамон ҳамарӯза саҳми шоистаи худро гузорад.

Бояд қайд кард, ки дар асоси нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани як гушаи кишварамон минбаъд низ бо ширкати сокинон, кормандон ва аъзоёни ҳизбӣ чунин иқдом ва шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.