"ҲХДТ ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раван ба кишвари сабз табдил додани он дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ҳар ҳафта рузи панҷшанбе ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандаги саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд, ки ин навбат кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ташкил ва баргузор намуданд. 

          Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 4-уми апрели соли 2024 аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан фаъолона ширкат варзида ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегонаи гирду атрофи коргоҳи худ машғул гашта, саҳми худро гузоштанд.

          Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.