ҶАЛБИ САРБОЗОНИ ИХТИЁРӢ

Кушониён: Созандагони ватан  

 Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроия зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ  оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар родмардон барои сафарбар намудан ба адои хизматӣ ҳарбӣ роҳсипор гардиданд. Зимнан аз сӯҳбати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Собиров Далер гузашта бо роҳнамои сарбози ихтиёрии ҲХДТ шинос намуда шуд. Барои сафарбар гардидани сарбози ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ба 11 нафар сарбозони ихтиёрӣ шаҳодатномаи сарбози ихтиёрии ҲХДТ тақдим карда шуд.