ДАСТУРИ РАҲНАМУНСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҲАМА ҚИШРИ ҶОМЕА

Кушониён:  

 Санаи 28 марти соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №78-и ҷамоати деҳоти Заргар, доир ба татбиқи амали созии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 март баргузо гардида буд, бо сикинони ҷамоати мазкур вохурии судманд доир гардид. Зимни вохӯрӣ, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Шодиён Муҳаммад Султозода, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ Ализодда Зафар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, муовинони раиси ноҳия, масъулон ва кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, кормандони беморхона ва эмомхатибони ҷамоат иштирок варзида, дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ ва баратараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ ва баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода баранд. Зикр бояд кард, ки ҷиҳати пешгири намудан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки масъулини дахлдор барои татбиқи амалӣ ва босамари дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои он рӯз садодода, ки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд дарёфт намуд, нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои заруриро дар ин самт роҳандозӣ намоянд.