ҚАДРДОНИИ ЗАНОНУ БОНУВОН БАХШИДА БА «СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО»

Кушониён:  

Бахшида ба истиқболи НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон ва варзиш" як қатор занону бонувони ноҳия бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳадаф аз қадрдонӣ ин баланд бардоштани рӯҳияи занону бонувон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои "Ҷавонон ва варзиш" мебошад.

Ба ҳамин тариқ, дар арафаи ҷашни Нарӯз дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  маросими қадрдонии ғолибон сурат гирифта мешавад.