ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускори ҷаҳонишавии иди Наврӯз маҳсуб ёфта, бо ибтикору пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бошукуҳ мақоми байналмилалиро касб кард ва он дар ҷаҳон бо риояи суннатҳои неки Наврӯзӣ ҳамасола таҷлил мегардад, ки боиси ифтихори тоҷикон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки санаи 19 марти соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ”-и ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи урфу одат ва таомули тоҷикона баргузор гардид. Дар тантанаҳои ҷашни наврӯзӣ Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ”, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” ва кулли кормандону муҳасилин иштирок намуда, меҳмонон нахуст аз намоиши урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон, расму ойинҳои тоҷикона дар айёми Наврӯз, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, суманак, ҳафт сину ҳафт шин, намоиши маҳсули дасти рассомони ҷавонон, инчунин намоиши бозиҳои варзишӣ аз қабили бозии тениси руйи мизӣ, гуштин ва ғайраҳо, ки ба маърази намоиш гузошта шуда буданд дидан карда, барои дар сатҳи хуб ташкил ва баргузор намудани чорабинӣ ба онҳо миннатдории худро расониданд.

Дар идома, баъд аз назаргузаронии намоиши идона Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона табрикоти худро ба кулли коллективи омӯзгорону тарбиятгирандагон ироа намуда, ба аҳли эшон саломатӣ ва хонаободӣ таманно намуда, инчунин дар рафти чорабинӣ ба як қатор омӯзгорону хонандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ, барои заҳмату меҳнати шарафмандонаву софдилонаашон бо сипоснома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.