МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва барои истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалилии Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид.

Бо ин мақсад ҳар як фарди Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ба “Шаҳри сабз” табдил додани Тоҷикистони азизамон ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани иду ҷашнҳои миллӣ дар ободонию хуррамгардонии диёрамон ҳамарӯза саҳми шоистаи худро гузоранд.

Бояд қайд кард, ки дар асоси нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани як гушаи кишварамон минбаъд низ бо ширкати сокинон, кормандон ва аъзоёни ҳизбӣ чунин иқдом ва шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.