ҒАМХОРӢ БА ҚИШРҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла беморон, маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар пайравӣ ба ин амалҳои нек ба муносибати иди саиди фитр раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён беморон ва маъюбону ниёзмандони беморхонаи нигоҳубини беморони рӯҳӣ ва бепарасторони ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаро аёдат намуданд.

Зимни аёдат, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” ба онҳо хӯроки нисфирӯзии яквақтаина, телевизор ва қолин кумак карда шуд. Аз ин амали нек беморон ва маъюбону ниёзмандон хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимона намуданд.