АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи кумита корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ, ободу зебо гардонидани шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, ки таҷассумгари симои ноҳияи зебоманзарамон мебошад, бо маром ҷараён дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамвора корҳои ободониву хуррамгардонӣ, гулзорнамоию асфалтпӯшкунӣ, рангу бори кӯчаҳо ва дигар тадбирҳои зарурӣ дар рушду пешрафти маркази маъмурии ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст.

Бо ин мақсад кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳашари тозакорию ободониро дар шоҳроҳи ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариён ва дар назди Кумитаи иҷроия низ роҳандозӣ намуданд. Тазаккур бояд дод, ки масири ободонӣ дар ин самт бо маром идома дорад.