ҲУНАРМАНД ВА ҲУНАРМАНДӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Санаи 14-уми марти соли 2024 Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз маҳсули дастони занони ҳунарманду чирадасти ҷамоати шаҳраки Бохтариён Шарипова Авзалбӣ ва Шарипова Саодат дидан намуда, аз усули ҳунармандии ин занони гулдаст ба ҳайрат омада ба корҳои ҳунарии онҳо баҳои баҳои баланд доданд

Бояд гуфт, ки ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдодаст. Яъне, ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намеояд, ки боиси рузгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.