ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МАРДУМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Командони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён санаи 14-уми марти соли равон, миёни сокинон ва аҳолии ҷамоати шаҳраки Бохтариён, доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 март садо дода буд, вохурии судманд доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Нурализода Малика мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ва Гулова Сафаргул мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён иштирок варзида, таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ ва баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода баранд.

Зикр бояд кард, ки ҷиҳати пешгири намудан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки масъулини дахлдор барои татбиқи амалӣ ва босамари дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои он рӯз садо дода, ки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд дарёфт намуд, нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои заруриро дар ин самт роҳандозӣ намоянд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди деҳаҳои ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.