АФЗОИШИ САФИ АЪЗОЁН САМАРАИ НЕКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ МЕБОШАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ифтихор ва хурсандист, ки имрӯз сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз ҳисоби занону ҷавонон афзуда истодааст. 

Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён санаи 12 марти соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Оила" бо иштироки кормандони кумита "Шаҳодатномаи ман-ифтихори ман" баргузор гардид. Баъдан аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва суҳбати кушод гузаронида шуд.