"РӮЗИ ЁДОВАРӢ" БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар оромгоҳи деҳаи Қизилбайрақ-1-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо ибтикори мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён – Ғуломов Ҳасан аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси маҳалла Ҳоҷӣ Шаҳобиддин Қаюмов саҳми босазо гузошта, иштирокчиёнро бо масолеҳи зарурӣ ва хӯроки яквақта таъмин намуд. Мавсуф зикр кард, ки бинобар сабаби зиёд будани корҳои хоҷагиашон як қисми аҳолии деҳа имрӯз ба ҳашар баромаданд, як қисми боқимонда ҳафтаи дигар ба ҳашар баромада, дар тозагии оромгоҳи деҳа саҳми худро мегузоранд.