“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 9 марти соли 2024 дар ҷамоати деҳоти "Бохтариён"- и ноҳияи Кӯшониён, тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд. Дар чорабинии ҳизбӣ сокинони ҳудуди деҳаҳои ҷамоати мазкур ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.

Дар охири амалиёт кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бохтариён” бо иштирокдорон мулоқот доир намуда, оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулин ба сокинони деҳаи мазкур ҷиҳати дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён намуданд. Бояд гуфт, ки ин ташаббус дар тамоми оромгоҳҳои ҳудуди ноҳия идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.