МИЗИ МУДАВВАР БА ИФТИХОРИ "РӮЗИ ИДИ МОДАР" - МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА УСТУВОР АСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7-уми марти соли равон дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар доир гардид.

Нурализода Малика мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар мавриди нақши занону бонувон дар таҳкими истиқлолият, баланд гардидани мақоми занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ, ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи занон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши зани тоҷик дар таъриху тамаддуни миллат, саҳми занон дар рушду пешрафти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши зан дар ҳаёти башарият ибрози андеша намуд. Инчунин оид ба саҳми занону бонувон дар давраи аввали соҳибистиқлолии мамлакат, заҳмати онҳо дар баробари мардон дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, саҳми занон дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни кишвар, ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат ва ғайра ибрози ақида намуд.