АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" санаи 7 марти соли 2024 дар якҷоягӣ бо ТҶҶ "Созандагони Ватан" -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва дигар кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аксияи тозагӣ доир гардид.

Гулова Сафаргул мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштирокчиёни Аксия суҳбати озод намуда, иброз намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони миллати тоҷик бояд баҳри обододиву сарсабзгардонии кишвари хеш талош намоем.

Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо ташкил ва баргузор намоянд.