АËДАТИ ЗАНОНИ КУҲАНСОЛ ДАР РӮЗИ МОДАРОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7-уми марти соли 2024 бахшида ба ҷашни фархундаи бонувону модарон, ки "Рӯзи модар" ном гирифтааст бо иқдоми хайрхоҳонаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ду нафар куҳансолзанони ҳудуди ноҳияро кормандони Кумита аёдат намуда, ба ин модарони мушфиқ туҳфаҳои идона тақдим намуда дуои некашонро гирифтанд.

Зикр гардид, ки бо тантана ва шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифтани иди "Рӯзи Модар" нишони эътибору эҳтироми хоссаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Занону бонувон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ нақши аввалиндараҷа доранд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя намуда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.