ТАШАББУСҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади арҷ гузоштан ба бузургдошти Рӯзи Модарон ва фарорасии баҳори накӯпай Ҳакимзода Миҷгона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, муовини аввали раиси ноҳия Иброҳимзода Амриддин,  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинони раиси ноҳия як қатор занони собиқадори меҳнатро аёдат намуда, онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта, хотирашонро бо туҳфаҳои хотиравӣ шод намуданд.

Бойси қайд аст, ки Роҳбарияти олии кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо мақсади баланд бардошатни мақому манзалати зан дар ҷомеа ва таъин гардидани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳар як баромадҳояшон таъкид мекунанд. Имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва дар пешрафти Меҳан саҳми босазо мегузоранд.

Имрӯз боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мушкилоти беҳтаргардонии шароити занону бонувон пайваста дар зери диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва нақши онҳо дар тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистони мо заминаи васеъ гузошта, занону бонувон бо ин васила метавонанд, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кору пайкори худро сарбаландона пеш баранд.