ҶАМЪОМАДИ АЪЗОИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

Кушониён: Созандагони ватан  

Санаи 1-ми марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо омӯзгорону мураббиён ва аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" мулоқоти судманд баргузор гардид.

Нахуст директори муассисаи мазкур устод Қодирӣ И.М ба сухан омада маҷлисро эълон намуда, ҳозиринро ба риояи ҳатмии қонунҳои болозикр даъват намуд. Зимни баромади худ  “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карда, ҳамзамон зикр доштанд, ки воқеан дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир зираку ҳушёр будан ва роҳ надодан ба амалҳои зиёдаравию исрофкорӣ ва риояи маъёрҳои Қонун камоли хирадмандист. Бояд гуфт, ки мо бо наврасону ҷавонони бонангу номуси худ боварӣ дошта, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.