МУСОБИҚА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШ

Кушониён: Созандагони ватан  

 Ба ифтихори ҷашни Рӯзи артиши миллӣ бо иқдоми муассисаи таълимии №25-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар майдони варзишии муассиса миёни аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” мусобиқаҳои варзишӣ гузаронда шуд.

Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши дастхобонӣ, гурзбардорӣ, ва ғайра сурат гирифтанд. Кормандони муассисаи мазкур қисми ҳарбӣ рафти мусобиқаҳоро доварӣ карданд. Қувваозмоиҳо нишон доданд, ки наврасон аз  мактаби армия бархурдор буда обутобу тарбия ёфта истодаанд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқуввату далер ва шуҷоътаранд. Аз ин рӯ, дар ҳамаи намудҳои мусобиқа онҳо бартарӣ нишон доданд.

Ҳамзамон, ғолибони мусобиқаҳоро ба рӯйхат гирифта, имрӯз дар ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни ҳизбӣ баргузор гардид, ба онҳо арзи сипос намуда шуд.