САҲМИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНД ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳури” аз 28-декабри соли 2023 дар бораи рушди ҳунарҳои мардумӣ таъкид карда шудааст, ки ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гушаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фуруши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан маҳсулоту маснуоти ҳуранҳои мардумӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

 Яке аз ин занҳо  Гадоева Бибимоҳ зодаи ҷамоати деҳоти Навбаҳор деҳаи С. Айнии ноҳияи Кӯшониён мебошад. Соли 2018- ба гирифтани гранти Президенти ба маблағи 20.000 (бист ҳазор) сомон комёб гардидааст. Гадоева Бибимоҳ дастуру супоришҳои Паёми навбатиро ба назар гирифта баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии соҳибкорон соли 2024 мағозаи ҳунарҳои мардумии худро бо номи “Армуғон” таъсис дод.

Ӯ аз хурди ба ҳунарҳои мардумӣ аз қабили дӯхтани куртаҳо, гулдузӣ, чакан, қуроқдӯзӣ ва зардӯзӣ шавқу ҳаваси зиёде дошт. Аз соли 2016- пайваста ба ҳунарҳои мардумӣ машғул гардида дар байни мардум обруву нуфуз пайдо кардааст. Мавсуф як гуруҳ шогирдони худро аз ҳисоби духтарон ва занони хонанишин барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудааст.

Гадоева Бибимоҳ аз замини наздиҳавлигии худ ба таври самаранок истифода намуда, айни замон картошка, қулфиной, пиёз, шалғамча ва дигар намудҳои маҳсулоти полезиро кишт намудаанд.Ҳамин тариқ дар мавсимҳои дигар низ ба кишту кор машғул шуда дар як сол се- чор маротима ҳосил меруёнанд. Ин аст, ки мавсуф ба бозор руй наоварда, ҳамеша аз маҳсули дастранҷи худ истифода менамояд.

Ҳамзамон барои зимистон хуришҳои гуногун аз меваю сабзавот омода намуда ҳам худ истифода менамояд ва инчунин ба фуруш мебарорад.