ҲУНАР БЕҲ АЗ ГАНҶ БУВАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дорои, сарват ва симу зар иваз кардану харидори карда намешавад. Ҳунар инсонро бузургию шахомат бахшида уро болидаруҳ мегардонад. Шахси ҳунарманд ҳар як дақиқаи умри худро ғанимат дониста онро бо маврид истифода бурда, намегузорад, ки лаҳзае аз умраш бе тақвият бахшидани ҳунараш гузарад.

Баҳри тақвият бахшидани ҳунари рассомӣ дар муассисаи таълимии №25-и ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Маорифчиён»-и ноҳияи Кӯшониён бахшида ба рӯзӣ 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни муассисаи мазкур бо иштирки васеъи хонандагон озмуни расоми беҳтарин барпо гардид.

Дар ин озмун хонандагони фаъоли муассисаи мазкур иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро ба аъзоён пешкаш намуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.