ТОЗАГИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кормандон ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи назди бинои муассисаи таълимии Гимназияи давлатии №3 шанбегӣ доир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки масъулини муассисаи мазкур тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби омӯзгорону кормандон ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тоза намудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми бозсазои худро гузоранд.