ТАЪМИРИ МУАССИСАҲО ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МАОРИФЧИЁН"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 бо мақсади ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ ва корҳо шанбегӣ тибқи ҳашари дастаҷамъона вусъат ёфта истодааст. Ин навбат аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки роҳрави муассисаро мумфарш намоянд.

Ҳамарӯза, кормандони муассиса бо сарварии директор ба корҳои сохтмон машғул буда, тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.

Тибқи иттиллои директори муассиса корҳои таъмирӣ идома ёфта, кӯшишу талош менамояд, ки муассисаро боз ҳам зебою назараббо мегардонанд.