АФЗАЛИЯТҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ПАЁМ

Кушониён: Андеша  

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин радиф, соҳаи маориф авлавияти бештарро касб намуда, ҳамчун омили муҳими бунёди миллати мутамаддин маҳсуб мегардад.

Президенти Тоҷикистон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, ки «рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».

Дар ин робита, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Ба таъкиди Пешвои миллат дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.

Аскарзода Парвина - узви фаъоли ҳизб, директори МТМУ №6