ТАҲЛИЛИ ҲУҶҶАТДОРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7 феврали соли 2024 бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва бо ин васила вусъати фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён рафти фаъолияти ҳизбиро дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ ва аз қайд барории аъзои ҳизб, ба низому тартиб даровардани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва қабули аъзои нав ба сафи ҳизб муассисаи таълимии №20-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён"-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Бояд қайд кард, ки муассисаи таълимии №20-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҳуҷҷатгузории ҳизбиро ба таври лозима ва дуруст ба роҳ мондаанд. Инчунни аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён супориш дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам афзалиятнок ва пешрафти ин ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориро тибқи талаботи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ” ба роҳ монанд.