ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ПАЁМ

Кушониён: Ҳисобот  

Санаи 7-уми феврали соли 2024, ҷиҳати баррасии шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид бо масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Расин”вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни суханронии худ Абдуллоев Мирвоҳид, нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, ҳамзамон вобаста ба масъалаи мубрами рӯз, аз қабили пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз тарафи наврасону ҷавонон, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгири аз нашъамандӣ, пешгирии хуруҷи бемориҳои сироятӣ суханронь намуданд.

Инчунин гуфта шуд, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор гардида, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррасро ба даст хоҳанд овард. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, софдилона дар корҳои созанда ва хизмати миллату кишвари азизамон камари ҳиммат бандем.