ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба мавсими мусоид дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ, сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ корҳои шанбегӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратун нағз тоб оварда, ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхона (ё парвардахона) тухмашро мекоранд.

Дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ намуда, дар давоми се чор соли парвариш ниҳоли навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабудизор намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳру деҳоти ватанамон ба ҷои доимии мувофиқ мешинонад.

Чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атрофи маҳал ва коргоҳи худ тариқи ҳашар роҳандозӣ шуда,  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” ҳиссагузорӣ намуданд.

Мавсими ниҳолшинонӣ бо ташаббуси аъзо ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Фурудгоҳ” вусъат ёфта, ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча оғоз бахшиданд. Боиси тазаккур аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда 100 тан дарахти ҳамешасабз шинонида шуд.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст.