РАФТИ СОХТМОНИ ГАРМХОНА ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо раиси ҷамоати С.Истиқлол рафти корҳои ободонию созандагии масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "С. Истиқлол" дар ин ҷамоатро мавриди боздид қарор доданд.

Бояд қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин самти муҳими иҷтимоӣ рӯзҳои наздик ба итмом расида, роҳбарияти ноҳия ба масъулини соҳа дастур доданд, ки сохтмони гармхонаро аз рӯи талаботи зарурӣ сохта ба анҷом расонанд, то ки солҳои оянда сифати парвариш ва нашъунумуи лиму, сабзавотҳои ниёзи мардум дар сатҳи олӣ дастраси аҳолӣ гардонида шавад.