САҲМГУЗОРИИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3-юми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии "МАОРИФЧИЁН", дар МТМУ №57 бо иштироки кормандон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва дар тозаву кабудизоркунии ҳудуди муассисаи худ саҳми арзандаи худро гузошта, беш аз 200 дона дарахтони ҳамешасабзи арча ва дарахтони мевадиҳанда шинониданд.

Бодарназардошти моҳияти кабудизоркуниву истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои зархезу боғҳои файзбор, ҳайати кормандони МТМУ №57-и ноҳия дар мавсимҳои ниҳолшинонӣ аз ҷумла дар ин шабу рӯз саъю талош менамоянд, ки дар корҳои ободониву кабудизоркунии муҳит саҳми арзандаи худро гузоранд.