ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “КИШВАРАМОНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30 - уми январи соли 2024 дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ҳадафи тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули ҳаёти солим бо ҳифзи фазои табиӣ, кормандони муассисаи таълимии рақами 52-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" сарҷамъона ба шанбегии навбатӣ баромаданд.

Дар рафти чорабинии мазкур доираи васеъи кормандон гирду атрофи муассиса, саҳну роҳравҳо, ҷӯйборҳо, зери гулу буттаву дарахтонро аз партову баргҳои хазон, сангу шағал тозаву озода намуда, дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинониданд.

Инчунин ҳайати кормандони техникӣ утоқҳои лозимаро аз партовҳо тоза намуда, лавозимоти техникиро поккорӣ намуданд. Чунин корҳои ободонӣ бо мақсади тозагии гирду атроф дар ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.