ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи беҳдошти замин ва обёри"-и ноҳия дар баъзе ҷамоатҳову деҳаҳои ҳудуди ноҳия вазъи саробу тоза намудани заҳбур ва заҳкашҳоро роҳандозӣ намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодааст.

Дар ҷамоату деҳаҳои ноҳия заҳбуру заҳкашҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона бо иштироки сокинон тоза карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Айни замон ҷиҳати тоза намудани заҳбур ва ба ҳолати обёрӣ омода намудани заминҳои корам техникаҳои экскватори Хундай ва Дроглайн дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар ҳама деҳаҳои ноҳия тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ ба нақша гирифта шудааст.