СОХТМОНИ ИНШООТИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳошияи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву коргоҳҳо ҳамарӯза миёни аҳолии ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баргузор намуда истодааанд.

Боиси хурсандиовараст, ки ин ташаббуси пешниҳод намудаи ҳизбиро, ки вобаста ба сохтани иншооти гигенӣ бо усули дренажӣ мебошад масъулин ва муррабияҳои боғчаи № 1-и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дастгирӣ намуда, иншоотҳои гигиении ҷойи кори худро бо усули дренажӣ ва бо ҷойҳои дастшӯйӣ азнавсозӣ намуда истодаанд.

Бояд кайд намуд, ки гигиенаи шахсӣ ин маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри саломатии инсон мусоидат мекунад.

Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сару либос, тозагии манзил ва риояи мунтазами он ва тозагии иншоотҳои гигиенӣ дохил мешавад. Яъне, тозагӣ шарти асосист. Бо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ худ ва наздиконро метавон аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намуд.