ҚОБИЛИ АҲСАНУ САНО ГУФТАН АСТ, ВАҚТЕ ИНСОН ДАР БАРОБАРИ ХОНАДОНИ ХУД ДАР АНДЕШАИ МАЪЮБОН ВА НИЁЗМАНДОН БОШАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ёрӣ дароз кардан ба бечорагону бенавоён, ятимону бепарасторон, пирони рӯзгордида бешакку шубҳа, гувоҳи имони комил доштани эҳсонкунанда мебошад. Касе агар аз рӯи инсофу дилсӯзӣ кори неку муфиде барои ниёзманде анҷом медиҳад, Худованд чораи кори ин эҳсонкорро осон гардонда, бар ивазаш аҷру подоши бешумор медиҳад.

Қобили аҳсану сано гуфтан аст, вақте инсон дар баробари хонадони худ дар андешаи маъюбон ва ниёзмандон бошад. Ин гуна инсонҳо дар байни мардум соҳиби эҳтирому эътибор мебошанд. Яке аз чунин шахсони саховатпешша, ки ҳамавақт дар фикри ниёзмандону маъюбон, собиқадорон ва пирони рӯзгордида мебошад, ин Маҳмадализода Шукрона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон ва варзиш"-и ноҳияи Кӯшониён мебошад, ки бо иштироки у, раиси ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба аёдати як нафар маъюби ниёзманд рафта, аз ҳолу аҳволаш хабар гирифта, зимни аёдат ба ӯ аробачаи маъюбӣ кӯмак намуданд.