ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 10.01.2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таълимии №71 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, бо ташаббусу дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва директори муассиса маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар саҳни бинои муасссиса беш аз 100 адад ниҳолҳои мевадиҳанда аз қабили тут, олуча ва зардолу шинонида шуд.

Дар ин ҳашари дастаҷамъона роҳбарияти муассисаи таълимӣ масъулину кормандони марбутаро вазифадор намуд, ки корҳои ободониву кабудизоркуниро бозҳам тақвият бахшанд. Масъулинро зарур аст, ки маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Таъкид карда шуд, ки барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ҳар як нафар масъул буда, сокинони ин деҳа тасмим доранд, ки чун ҳарвақта дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии ҳар як гӯшаву канори ноҳияаамон саҳми арзанда гузоранд.