ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 06-уми январи соли 2024 вобаста ба мусоид омадани бодуҳаво ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳри сабз табдил намудани кишвари азизамон инчунин тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ-и ноҳияи Кӯшониён дар тамоми шаҳраку деҳотҳои ҳудуди ноҳия тариқи ҳашари дастаҷамъона маракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча баргузор гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, тарқиши шахҳои урён, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратун низ тоб оварда, ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхонаҳо (ё парвардахонаҳо) тухмашро мекоранд.

Дар ин замина ташаббускориҳову дастгириҳои аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат ёфта, кормандони ташкилоти ибтиоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча оғоз бахшид, дар шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъа беш аз 50 дона дарахтони ҳамешасабзи арча шинониданд. Чунин иқдомҳо бо мақсади ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро бозҳам зебову назаррабо намуда истодааст.