БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ташкилоти ибтидоии "МАОРИФЧИЁН"- и ноҳияи Кӯшониён миёни наврасону ҷавонони то 18 сола хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа суханронӣ карда шуданд. Ҳамзамон дар хониши сиёсӣ оиди тарбияи ҷавонон дар руҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи кадрҳои баландихтисос, интихоби дурусти касб, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуданд.