ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КОРМАНДОНИ ҶДММ "ИФТИХОРИ ВАТАН"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба кормандони корхонаи коркарди пахта ҶДММ "Ифтихори Ватан" туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки корхонаи мазкур ҳангоми сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуда буд. Раиси ноҳия ҳангоми суҳбати самимӣ бо роҳбарият ва кормандони корхонаи саноатӣ бори дигар миннатдории самимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, ҷиҳати саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ баён намуданд.