ЁДАТОН ГИРОМӢ БОД ФАРЗАНДОНИ ШУҶОИ ВАТАН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ аз тарафи узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона оилаҳои сарбозони қаҳрамонона ҳалокгаштаи муноқишаҳои сарҳадиро аёдат намуда,  бо маводҳои ғизоӣ кумак намуданд.

Вализода Икромиддин Сироҷиддин аз номи Пешвои муаззами миллат ба волидони сарбозон изҳори ҳамдардӣ манзур намуда, миннатдории самимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба хотири тарбия намудани ин гуна фарзандони фарзонаи миллат, ки ҷони худро дар роҳи ҳифзи ватану миллат фидо намуданд ба падару модарони шаҳидгаштагон баён намуданд.