ҒАМХОР ВА ПУШТИБОНИИ ЯТИМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифзу дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат, аз ҷумла ятимону маъюбон, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалӣ намудани ин самт Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз чораҳои заруриро андешида истодааст ва солҳои охир кӯмак ба ин гурӯҳҳои аҳолӣ ба як амали хайр ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди солимфикру хайрхоҳи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузоранд, ки ятимону ниёзмандон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд. Шумо, фарзандони азиз, итминон дошта бошед, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ аз шумо кӯмаку дастгириашро дареғ намедорад, зеро ҳифзу ҳимоя ва сарпарастии шумо-фарзандони меҳрубон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлат эълон шудааст ва чунин хоҳад монд».

Аз ин лиҳоз санаи 28 декабри соли 2023, баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раиси ноҳия Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод, раиси ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳакимзода Миҷгона, муовинони раиси ноҳия ва дигар кормандони мақомоти ноҳия бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ ба 28 нафар ятимони кулл ва наздикони онҳо дастархони пур аз нозу неъмат ороста, чорабинии бошукӯҳи идона баргузор намуданд. Зимни суханронии худ раиси ноҳия дар сухани табрикотӣ тамоми кӯдакон ва иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборак бод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва рӯзгори осударо таманно намуданд.

Дар идомаи чорабинии идона аз тарафи раиси ноҳия ва меҳмони гиромӣ, ба ҳамаи ятимони кулл либосҳои зимистона, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.