ШИНОНИДАНИ ГУЛҲОИ ОРОИШӢ, ДАР ДОИРАИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама ба ободу зебо гардидани ноҳия ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мусоидат мекунад. Воқеан моҳҳои охир ноҳияи овозадори Кӯшониён куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан, ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён баҳри сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шанбегиҳои дастаҷамъӣ ташкил карда шуда истодааст. Дарахтони ҳамешасабзи атрофи бинои Кумита нарм карда шуда, зиёда аз 1500 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.

Воқеан шинонидани дарахт ва сабзу хуррам гардонидани атроф аз сунатҳои миллии ниёгони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, амали басо хайру савоб ба шумор меравад.