КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА ҲАФТАИ ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки бо ташкили маъракаҳои ҳашар шанбегӣ доир намуда, дар анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони "ҲАФТАИ ҲХДТ” корҳои ободонӣ доир намуданд.

Боиси қайд аст, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо мақсади ба тартиб даровардани дарахтони ҳамешасабз, тозаву озода намудани гузаргоӽӽо ва дар саҳни бинои Фурудгоҳ беш аз 200 дона гулу буттаҳои мавсими шинониданд. Дар ободу зебо гардонидани коргоҳи худ масъулини корхона дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани он пайваста саҳми арзанда мегузоранд.