ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1 декабри соли 2023 вобаста ба мавсими мусоид омадани бодуҳаво ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ-и ноҳияи Кӯшониён дар тамоми шаҳраку деҳотҳои ҳудуди ноҳия тариқи ҳашари дастаҷамъона маракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча баргузор гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, тарқиши шахҳои урён, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратун низ тоб оварда, ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхонаҳо (ё парвардахонаҳо) тухмашро мекоранд.

Дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ намуда, дар давоми се чор соли парвариш ниҳоли навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабудизор намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳру деҳоти ватанамон ба ҷои доимии мувофиқ мешинонад.

Дар ин замина ташаббускориҳову дастгириҳои аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат ёфта, кормандони касбу кори гуногун ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча оғоз бахшид, дар назди биноҳои ташкилоту корхонаҳо беш аз 2000 дона дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст.