КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ЗЕРИ УНВОНИ “ҲАФТАИ ҲХДТ”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир омӯзгорону кормандони МТМУ №54-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ҳудуди муассисаи худ, ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ва шоҳроҳҳо бо мақсади иҷроиши нақша чорабиниӽои сиёсиву давлатӣ дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ шанбегӣ доир намуда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки кормандону омӯзгорони ин муассисаҳо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу берунӣ ва гирду атрофи муассиса, нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани зистгоҳҳои худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.