КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24-уми ноябри соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ”–и ноҳияи Кӯшониён, конференсияи илимю сиёсӣ  зери унвони “Парафшон бод Парчами мо” баргузор гардид.

Масъулини муассиса бо мақсади истиқбол аз ин ҷашни фараҳбахш, саҳни муассисаро бо расму мусаввараҳои Пешвои миллат, Парчами давлатӣ оро дода, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши китобҳои Пешвои миллатро ба маърази тамошо гузошта буданд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Собиров Далер ва дигар меҳмонону омӯзгорони муассиса иштирок доштанд.

Зимни чорабинӣ муовини директори муассиса Қаюмов Ф. нахуст дар суханронии худ ҳозиринро ба ин рӯзи муқаддас табрику таҳният намуда, зикр кард, ки таҷрибаи парчамдорӣ аз лаҳзаи одӣ, вале пурмасъулияти фаъолияти як шаҳрвандии одии кишвар барои ваҳдати халқ бар зидди ғосибон оғоз гирифт ва имрўз дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ таҷассумгари оғози садҳо муносибату чоранибиниҳо, давлату кишвар, ташкилоту созмонҳо гаштааст. Ин таҷриба баёнгари он аст, ки ихтирооти бузург низ аз қадамҳои одӣ сарчашма мегиранд.

Сипас, Саидзода муовини директори муассиса ибрози ақида намуд, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Муҳимтарин дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмлалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гаштааст.  Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ хонандагон бо рақсҳои ҷолиб, суруду таронаҳои дилангез хотири ҳозиринро шод гардониданд.