АКСИЯИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ЗЕРИ УНВОНИ “БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16 ноябр масъулини кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, дар асоси протоколи №18-и ҷаласаи назоратии назди Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявӣ зери унвони "БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ", баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки “Рўзи Президент” ҳамасола 16 ноябр дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ин иқдоми некест, барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор мегузорад.