ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шаҳодатномаи ҳизбӣ яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” ба кормандони ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Амонатбонк” шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамзамон масъулини Кумита ба кормандони ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Амонатбонк”-и ноҳия зимни шаҳодатномасупорӣ ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин саривақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд.